"Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!"

ҶАВОНОН БОЯД ПЕШТОЗИ ҶАМЪИЯТ БОШАНД

 

Дар толори маҷлисгоҳи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд вохурии  донишҷӯён бо сардори шӯъбаи таҳқиқи Раёсати корҳои дохилии ВКД ҶТ дар вилояти Суғд Орифзода Садриддин Нуриддин, сармутахассиси  кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии МИҲД Мирзоҳафизиён Шерафкан ва мутахассиси пешбари шӯбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Манзура Шамсиева доир гардид.

ДОНИШҶӮИ ДОНИШКАДАИ ПОЛИТЕХНИКӢ ҶОМИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОРО БА ДАСТ ОВАРД

Соли чорум аст, ки бо иқдоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар  барои дарёфти «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» озмун доир карда мешавад. Озмуни имсола низ дар сатҳи баланд доир шуда, дар он 260 нафар донишҷӯёни соҳибистеъдоду навовар аз 28 муассисаҳои таҳсилоти олӣ ширкат варзиданд.  Онҳо аз рӯи фанҳои математика, физика, астрономия, химия, геология, биология, иқтисодиёт,

ЭҲЁИ БОЗИҲОИ МИЛЛӢ БАҲРИ ХУДШИНОСИИ НАВРАСОН

Бо ташаббуси Раёсати маорифи вилояти Суғд ва Маркази таҳсилоти иловагии вилоят санаи 12-уми марти соли равон дар варзишгоҳи «Хуррамшаҳр»-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Fафуров озмуни вилоятии «Бозиҳои миллӣ» баргузор гардид. Дар он хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру навоҳии вилоят ширкат варзиданд.

Сайфулло Раҳматов - муовини сардори Раёсати маориф ва илми вилоят иштирокчиён ва меҳмонони чорабиниро хайрамақдам гуфта,