Дар қисми низомии ҳарбии 35 01-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар шаҳри Хуҷанд бо ҳамдастии ташкилоти ҷамъиятии “Сипари  сулҳ”  мусобиқаи ҳарбӣ - варзишӣ  таҳти унвони “Ҳимояи Ватан қарзи шаҳрвандии мост” доир гардид.

Анвар Ҷалилов, раиси шӯрои собиқадорони ҲХДТ, мушовири кумиҷроияи вилоятӣ  дар вилояти Суғд зимни ифтитоҳи чорабинӣ баён дошт, ки ҳимояи марзу буми кишвар қарзи шаҳрвандии ҳар якеи мо буда, иқдоми роҳандозинамудаи кумиҷроияи шаҳрии ҳизб боиси дастгирист. Он барои бедор намудани ҳисси худшиносии миллӣ, ҷалби ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таккони тозае мебахшад. Баргузории чорабинии имрӯза нишонаи таваҷҷуҳ ба афсарону аскарон буда, барои омодагии ҷисму руҳи навасакарон мусоидат менамояд.

Роҳбари ташкилоти ҷамъиятии “Сипари сулҳ” Ахмедов Фахриддин дар баромадаш таъкид дошт, ки мақсад аз баргузории чорабинии имрӯза омодагии ҷавонон ба хмзмати Модар – Ватан мебошад. Маҳз ташкили чунин мусобиқаҳо дар зеҳну шуури ҷавонон эҳсоси ватандорию далерӣ, шуҷоатмандию родмардиро дар тинати ҷавонон бедор мекунад.

   Дар мусобиқа сарбозони қисми ҳарбӣ бо хонандагони Гимназияи рақами 4-и шаҳри Хуҷанд аз рӯи намудҳои вазнкашӣ дар турник, вазнбардорӣ (санги 16 кг),ба қисмҳо ҷо ба ҷо кардани яроқ, кашидани арғамчини даставӣ, давидан ба масофаи 100 м, тайёрии сафороии ҳарбӣ, ғурондани норинҷак, ба тирдон ҷой кардани тир бо ҳам вориди рақобат шуданд.

Мусобиқа дар сатҳи баланд доир гардида, ҳам хонандагон ва ҳам аскарони қисми низомӣ аз худ маҳорати баланди варзишӣ нишон доданд. Дар фарҷом дӯстӣ дар ин мусобиқа ғалаба кард.