Тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ҳар моҳ дар ҳамаи кумитаҳои иҷрояи ибтидоӣ ва ташкилотҳои ибтидоӣ рӯзи ягонаи хониши сиёсӣ дар мавзӯъҳои гуногун гузаронида мешавад. Ии навбат дар ташкилоти ибтидоии “Умедбахш” дар назди беморхонаи бачагонаи вилоятӣ дар мавзӯи  “Рисолати муҳими падару модар –тарбияи фарзанд” доир гардид.

Аъзои  гуруҳи тарғиботӣ - ташвиқотии кумиҷроияи шаҳр Гулчеҳра Аҳророва оид ба мавзӯи мазкур дар назди аъзоҳои фаъоли ҳизб баромад намуда, зикр дошт, ки таълиму тарбия дар пайвастагии мутақобилаи се ниҳоди иҷтимоӣ: оила, мактаб ва ҷомеа рӯҳу равони воқеӣ пайдо мекунад. Аммо ба ин се ниҳод муҳити атроф ва фазои иттилоотӣ, ки дар натиҷаи раванди ҷаҳонишавӣ вусъати азиме пайдо кардааст, таъсири зиёд мерасонад. Махсусан, нақши оилаи устувор ҳамчун ҷузъи асосии ҷамъият дар тарбияи фарзанд басо муҳим мебошад.

Падару модарон, ки сутуни хонавода ва ё оиларо ташкил медиҳанд, бояд ба таълим ва тарбияи фарзандон диққати ҷиддӣ зоҳир намоянд.