Дар толори маҷлисгоҳи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд вохурии  донишҷӯён бо сардори шӯъбаи таҳқиқи Раёсати корҳои дохилии ВКД ҶТ дар вилояти Суғд Орифзода Садриддин Нуриддин, сармутахассиси  кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии МИҲД Мирзоҳафизиён Шерафкан ва мутахассиси пешбари шӯбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Манзура Шамсиева доир гардид.

Чорабинӣ бо сухани муқаддимавии муовини директори донишкада оид ба корҳои тарбия Фаррух Аминов оғоз гардид.

 Орифзода Садриддин Нуриддин зимни суханрониаш ҷиноятҳое, ки аз ҷониби ноболиғону ҷавонон содир карда шудаанд, изҳори нигаронӣ намуда, афзуд, ки шумораи онҳо  аз ҳисоби ҷавонон зиёд шуда истодааст. Масалан дар давраи ҳисоботӣ 1153 ҷиноят аз ҷониби 1577 нафар ҷавонон ба қайд гирифта шудааст, ки ин рақам андак нест. Бар иттилои мавсуф шумораи ҷиноятсодиркунандагон аз ҷониби донишҷӯён низ ба қайд гирифта шудааст, ки боиси нигаронии ҳам волидон ва ҳам устодони муассисаҳои олӣ мебошад. Мавсуф дар идомаи суханрониаш даъват ба амал овард, ки ҷавонон аз содир намудани ҷиноятҳо даст кашанд ва ба осудагии Ватани азизамон саҳмгузор бошанд.

 Мирзоҳафизиён Шерафкан дар баромади худ изҳор дошт, ки сарвари кишвар ба ҷавонон эътимод доранд ва ҷавонон бояд арҷгузори боварии Пешвои миллат ва шукргузори ватани орому осуда бошанд. Онҳо пештози ҷамъиятанд ва бояд ин рисолати худро собитқадамона пеш баранд.

  Дар фарҷоми вохурӣ ба донишҷӯён маслиҳату машваратҳо дода шуд, ки ба рафиқиону пайвандони худ расонанд, то онҳо низ барои оромиву осудагии Тоҷикистони азиз саҳмгузор бошанд ва аз содир намудани ҳаргуна ҷиноятҳо худдорӣ намоянд.