Тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ва дар мувофиқа бо Кумитаи иҷроияи Вилоятии ҲХДТ санаи 22.07.2015 соати 8:30 маҷлиси Кумитаи иҷроия баргузор мегардад, ки дар он масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор мегиранд: Ҳисоботи раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд барои нимсолаи авали соли 2015, Тасдиқи нақшаи кории нимсолаи дуюми соли 2015 ва интихоби роҳбари гурӯҳи вакилони халқи шаҳр. Ба маҷлис аъзоёни кумиҷроия, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ ва фаъолони ҳизб даъват карда мешаванд.