"Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!"

Парчам рамзи саодату пирӯзист

Шукри Истиқлолият ва давлатдории миллӣ, ки аз баракати онҳо дар кишвари азизамон баргузории Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рушду такомул ёфта, ба иди умумимиллӣ ва умумихалқи табдил гардидааст.

Имрӯз Парчами давлатӣ чун рамзии давлатдории тоҷикон дар тамоми ҷабҳаҳои зиндагӣ таҷассуми хешро дарёфта, шукӯҳу шаҳомати давлатдорӣ маҳсуб меёбад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтирому садоқат, арҷгузорӣ

Иҷлосияи 16 –уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши он дар таҳкими ҳувияти миллӣ

Бахшида ба 25 солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаХуҷанд дар тамоми ташкилотҳои ибтидоии кумиҷроия вохӯриву мулоқотҳои судманд доир гардид.

Чунин мулоқот дар ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар «Маркази саратоншиносии вилояти Суғд» бо иштироки аъзои Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Абдумавлон Азимов баргузор гардид.

Вохӯрӣ бо раиси ташкилоти ибтидоӣ

Рӯзи гузашта дар арафаи баргузории ҷашни 25 солагии Иҷлосияи XVI  Шӯрои Олӣ ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷиикистон раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар бо раиси ташкилоти ибтидоии кумитаи маҳаллаи «Сари Баландӣ» Сангин Ҷӯраев мулоқот доир намуд.

Дар мулоқот раиси кумиҷроия пеш аз ҳама кормандони кумитаи маҳаларо бо фарорасии ҷашнҳои бузург – 25-солагии Иҷлосияи тақдирсоз