Кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо оилаҳои ниёзманд, ятимони кулл, бепарасторон вохӯриҳо доир намуда, ба онҳо лавозимотҳои хониш дастрас намуданд. Зимни вохӯри намояндагони ҳизб табрикоти роҳбарияти кумиҷроияро бахшида ба фаро расии соли хониши 2019-2020 ба хонандагон расонд. Таъкид гардид, ки хонандагон дар маркази таваҷҷуҳи ҲХДТ қарор дошта, ҷиҳатии фароҳам овардани шароити арзандаи таҳсил ва зиндагии онҳо иқдомҳои шоиста роҳандозӣ мешавад.

Дар навбати худ оилаҳои дастгириёфта нисбати ин ғамхорӣ миннатдории худашонро ба роҳбарияти ҲХДТ расониданд.

Иқдоми аксияи мазкур дар шаҳри Хуҷанд идома дорад