Имрӯз снаи 20 – уми июли соли равон маҷлиси ҷамъбасти шашмоҳаи шуъбаи занони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки ходими давлатию  ҷамъитяӣ, собиқадори ҳизб Шуҷоат Ҳасанова, устоди МДТ “ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров” Зеварой Бобоева, муовини кумиҷроияи шаҳри Хуҷанд Муҳаббат Ӯрунбоева, аъзоҳои Шурои раёсат ва занони фаъолу пешсафи ҳизб баргузор гардид.

Маҷлисро мудири шуъбаи занони кумиҷроияи шаҳр Дилрабо Қурбонова ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо рӯзномаи маҷлис шинос кард ва оид ба фаъолияти шашмоҳаи шуъбаи занон ҳисобот дод.

Сипас, ходими давлатию  ҷамъитяӣ, собиқадори ҳизб Шуҷоат Ҳасанова дар мавзӯи “30 – соли ҳамбастагӣ барои зиндагии шоистаи мардум ва  саҳмгузории занон дар таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” баромад карда, барои пешрафт ва густурда намудани фаъолияти шуъбаи занони кумиҷроия чанд пешниҳоду маслиҳатҳои муфид дод.

Ҳамчунин устоди МДТ “Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров” номзади илмҳои филологӣ, донсент Зеварой Бобоева дар мавзӯи “Татбиқ ва риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон” маърӯза кард.

Дар фарҷоми ҷаласа меҳмонон ва иштирокдорон бобати масъалаҳои мубрам, ки бевосита ба занон бовастааст,  фикру андешаҳои хешро  иброз намуда, фаъолияти шуъбаи занони Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Хуҷандро қаноатбахш арзёбӣ карданд.