"Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!"

Родмарди фарзон, солори даврон, Пешвои тоҷикон- Эмомалӣ Раҳмон!

Пешвойи миллате будан осон нест ва ин мақоми арзандаи Инсони шоён аст. Халқро раҳнамо будан мароми аслии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, розу нози ҳамватанро рӯзу шаб бардоштан хоси фардоне чун Президенти кишвар, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Ҷавонони саодатманди кишвар имрӯз ҷашни фархунда доранд – Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон!

Президенти ман ифтихори ман!

Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ҷалби аъзоёни Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан»-и кумиҷроияи шаҳрии ҳизб бахшида ба Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 25-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миқёси шаҳри Хуҷанд 5000 нафар сокинони шаҳр ба Рӯзи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод карда шуда, варақаҳои табрикотии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба онҳо тақдим карда шуд.

Сулҳофари тоҷикон

Дар ташкилоти ибтидоии «Автобазаи махсуси санитарӣ» мулоқоти масъулини Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо кормандони ин муассиса баргузор гардид, ки он ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурӣ, 25-солагии Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуд.

Дар ҷамъомад мудири шӯъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Бобоева З.С. суханронӣ карда, иброз дошт, ки хидматҳои беназири Асосгузори сулҳу