Бахшида ба 25 солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаХуҷанд дар тамоми ташкилотҳои ибтидоии кумиҷроия вохӯриву мулоқотҳои судманд доир гардид.

Чунин мулоқот дар ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар «Маркази саратоншиносии вилояти Суғд» бо иштироки аъзои Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Абдумавлон Азимов баргузор гардид.

Абдумавлон Азимов дар баромади хеш зикр дошт, ки мардуми сарбаланди кишвар ба санаи мубораки ҷашни 25-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олиро бо рӯҳбаландиву ифтихори миллӣ, созандагиву бунёдкорӣ омодагии ҳаматарафа мебинанд. Дар баробари ин соли дуюм аст, ки таҷлили Рӯзи Президент дар кишвари мо қайд мегардад, ки халқи тоҷикро атрофи роҳбари маҳбуби худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам муттаҳидтар месозад.  Абдумавлон Азимов оиди комёбиҳои созандагиву бунёдкорӣ, рушди босуботи иқтисодиёт, иҷтимоиёт, фарҳанг, маориф ва дигар соҳаҳо дар тӯли соҳибистиқлолии кишвар суханронӣ намуд.

Ҳамзамон баромади муфассали раиси ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар «Маркази саратоншиносии вилояти Суғд» Фурқат Мансуров оид ба дастовардҳои ташкилоти ибтидоӣ шинида шуд.

Дар ҷараёни ҷаласа мубодилаи афкор байни иштирокдорони ҷаласа баргузор гардида, иштирокдорон шукргузорӣ аз замони соҳибистиқлолӣ ва Сарвари оқилу доно Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон карданд.

Ҷаласа дар фазои баланди сиёсӣ баргузор гардид.