Шукри Истиқлолият ва давлатдории миллӣ, ки аз баракати онҳо дар кишвари азизамон баргузории Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рушду такомул ёфта, ба иди умумимиллӣ ва умумихалқи табдил гардидааст.

Имрӯз Парчами давлатӣ чун рамзии давлатдории тоҷикон дар тамоми ҷабҳаҳои зиндагӣ таҷассуми хешро дарёфта, шукӯҳу шаҳомати давлатдорӣ маҳсуб меёбад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтирому садоқат, арҷгузорӣ ба Парчами миллиамон бо фармони хеш аз 20 ноябри соли 2009 рӯзи 24 –уми ноябрро Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон доштанд.

Ин ва дигар нуктаҳо дар мулоқоти имрӯза, ки дар ташкилоти ибтидоии «Хизмати иҷтимоӣ дар хона»-и Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд  бо иштироки мудири шӯъбаи кор бо занони кумиҷроияи шаҳрӣ Зеварой Бобоева баргузор гардид, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар ҳақиқат, давлатсозӣ ва давлатдории тоҷикон таърих ва суннати қадима дорад, зеро ҳанӯз аҷдодони мо аз замони Каёниён соҳиби Дирафше буданд, ки давлат ва давлатдории онҳоро ифода мекард. Хушбахтона, бо шарофати Истиқлолият тоҷикон соҳиби Парчами давлатӣ шуданд, ки он таҷассумгари гузаштаи шоиста ва ояндаи саодатманди тоҷикон гардидааст.

Арҷгузорӣ ба Парчами миллӣ ва ҳифзи ин муқаддасот вазифаи ҷониву имонии ҳар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд бошад!