"Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!"

Машварат идроку хушерй дихад…

Тибқи нақша – чорабиниҳои дастурдиҳӣ дар мавриди дастрасии саривақтии ҳисоботи оморӣ, назорати тартиби бақайдгирии аъзоёни ҳизб дар ташкилотҳои ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ин навбат дар ташкилоти ибтидоии «Ватанпарвар» ва «Маҳмудхоҷа Беҳбубӣ» мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор дода шуд.

Ҳамзамон бо намояндагони ҲХДТ дар ҳошияи Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоҳибаи судманд

Корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба яхобмонӣ ва шӯршӯии заминҳо

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ҷиҳати иҷроиши барқияи Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти рақами 1  аз 23 январи соли 2018 бо мақсади анҷом додани яхобмонӣ ва шӯршӯии заминҳои кишт ва боғзору тозкзорҳо дар ҳудуди кумитаи маҳаллаи «Ҷаббор Расулов»-и шаҳри Хуҷанд бо ҷалби аъзоёни кумиҷроия ва мутахассисони соҳаи кишоварзӣ бо аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳиро  баргузор намуд.

Иттиҳоди нерӯҳои солими ҷомеа – асоси фаъолияти ҳизб

Бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастурҳои Оиннома ва Барномаи ҲХДТ мудирони шӯъбаҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд тасмим гирифтанд, бо роҳбарони ташкилотҳои ибтидоӣ дар мавриди ҳуҷҷатнигорӣ ва танзими онҳо, нақша – чорабиниҳо дар соли 2018 машварат гузарониданд.

Ҳамзамон дар машварати дастурдиҳӣ мудири шӯъбаи омори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Ғуфронҷон Шарипов оид