Дирӯз, 21 феврали соли ҷорӣ дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар асоси нақшаи – чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд мулоқот бо донишҷӯён баргузор гардид. Дар мулоқоти мазкур Шарифзода Шариф Файз раиси шаҳри Хуҷанд, Аҳтам Абдуллозода раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Раъно Бобоҷониён муовини раиси ҲХДТ, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ, Дилрабо Мансурова, Ҷаббор Ахмедов, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ, рӯзноманигорон ва зиёда аз 300 нафар донишҷӯён иштирок намуданд.

Нахуст, Шарифзода Шариф Файз раиси шаҳри Хуҷанд ба сухан баромада, иброз намуд, ки мулоқоти мо дар рӯзҳое баргузор мегардад, ки ҷавонони саодатманди кишвар аз эълон гаштани Соли ҷавонон истиқбол намуда, бо ғайрату илҳоми тоза ҷиҳати татбиқи амалӣ намудани нақша-чорабиниҳои Соли ҷавонон саъю талош доранд. “Шоистаи ифтихор аст, ки зиёда аз 365 - нафар ҷавонписарону ҷавондухтарони шаҳрамон имрӯз дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварҳои Россия, Хитой, Малайзия, Олмон, Англия, Фаронса, Дания, Ирландия ва ғайра таҳсили илм доранд. Бештар аз 400-нафар ҷавонони Хуҷанд дар мактабҳои олии пойтахти кишварамон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд” – иброз намуд, Шариф Шарифзода зимни баромади хеш.

Сипас, Аҳтам Абдуллозода раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар баромади худ, иброз намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми имсолаи хеш соли 2017 -ро ҳамчун Соли ҷавонон пешниҳод намуданд, ки ин боиси ифтихори мо ҷавонони кишвар мебошад. “Наврасону ҷавонон ҷавобан ба ин ғамхориҳои падаронаи Пешвои миллат бояд тамоми саъю талоши хешро ба донишандӯзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ҳифзу ҳимояи Ватан, рушди илму техника, забонҳои хориҷӣ ва ободии диёри хеш равона созанд“ – гуфт, Аҳтам Абдуллозода.

Инчунин дар рафти мулоқоти мазкур донишҷӯён Амирҷон Ӯрунов, Бадриддин Тоҷибоев, Фарангис Махкамова, Ҳилол Султонов, Шавкатҷон Абдувалиев, Санавбар Юсупова, Муродҷон Абдурашидов, Ислом Исмоилов ва Мунирхон Ибодуллоев суханронӣ намуда, доир ба масъалаҳои гуногун саволу пешниҳодҳои худро иброз намуданд. Дар охири мулоқот як қатор донишҷӯёни фаъолу ташаббускор аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокмияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо диплом ва кӯмакҳои яквақтаи молиявӣ қадрдонӣ карда шуданд.