Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ҷиҳати иҷроиши барқияи Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти рақами 1  аз 23 январи соли 2018 бо мақсади анҷом додани яхобмонӣ ва шӯршӯии заминҳои кишт ва боғзору тозкзорҳо дар ҳудуди кумитаи маҳаллаи «Ҷаббор Расулов»-и шаҳри Хуҷанд бо ҷалби аъзоёни кумиҷроия ва мутахассисони соҳаи кишоварзӣ бо аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳиро  баргузор намуд.

Дар вохӯрӣ шахсони масъул ба аҳолӣ мақсади вохӯриҳоро фаҳмонида баён доштанд, ки бинобар мавсими тирамоҳу зимистони имсола нисбатан бебориш ва гарм омаданаш яхобмонӣ ва шуршӯии заминҳои кишт ва боғзору токзорҳо бояд анҷом дода шавад, зеро ин ба фаровонии ҳосил фоида калон дорад.

Чунин корҳои фаҳмондадиҳӣ дар шаҳри Хуҷанд идома дорад.