Тибқи нақша – чорабиниҳои дастурдиҳӣ дар мавриди дастрасии саривақтии ҳисоботи оморӣ, назорати тартиби бақайдгирии аъзоёни ҳизб дар ташкилотҳои ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ин навбат дар ташкилоти ибтидоии «Ватанпарвар» ва «Маҳмудхоҷа Беҳбубӣ» мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор дода шуд.

Ҳамзамон бо намояндагони ҲХДТ дар ҳошияи Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоҳибаи судманд доир гардид, ки дар сӯҳбати мазкур мудири шӯъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Бобоева З.С. баромад намуда, оид ба нуктаҳои асосии Паём дар самти рушди нерӯи инсонӣ – дастрасӣ ба таҳсилот, тандурустӣ ва дарозумрӣ, зиндагии шоиста ибрози андеша намуд.

Раиси ташкилоти ибтидоии «Ватанпарвар» Зебоҷон Аминова қайд намуд, ки дар ҳолати иҷроиши мукаммали се самт сифати нерӯи инсонӣ баланд гардида, иқтидори зеҳниву ҷисмонии аҳолӣ ба раванди созандагиву ободкорӣ равона хоҳад шуд. Зеро солимии ҷомеа суботи сиёсии онро таъмин намуда, ба музаффариятҳо бурда мерасонад ва ин музаффарият асоси калидии барномаҳои созанда ва бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сарварии Раиси ҲХДТ мухтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб меёбанд.