Бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастурҳои Оиннома ва Барномаи ҲХДТ мудирони шӯъбаҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд тасмим гирифтанд, бо роҳбарони ташкилотҳои ибтидоӣ дар мавриди ҳуҷҷатнигорӣ ва танзими онҳо, нақша – чорабиниҳо дар соли 2018 машварат гузарониданд.

Ҳамзамон дар машварати дастурдиҳӣ мудири шӯъбаи омори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Ғуфронҷон Шарипов оид ба таъмини афзоиши шумораи аъзоёни ҲХДТ, мунтазам ва саривақт дастрас намудани ҳисоботҳои оморӣ, назорати тартиби бақайдгирии аъзоён дар ташкилотҳои ибтидоии хизбии шаҳрӣ маълумот дода, даъват ба амал овард, ки дар таблиғу ташвиқи ғояҳои олии ҲҲДТ саҳмгузор бошанд.