Санаи 28 сентяябри соли 2022 дар назди Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Истиқлол»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд боз як ташкилоти ибтидоӣ бо номи «Ирфон» дар ҳайати 35 нафар аъзои ҳизб таъсис дода шуда, Раиси ташкилоти ибтидоӣ Умедахон Муҳаммадзода интихоб гардид.

Дар маҷлиси муассисони ташкилоти ибтидоӣ Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов шаркат варзида, дар бораи фаъолияти ҲХДТ ва аъзоёни он дар пешбурду инкишофи ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар суханронӣ намуд ва ҳозиринро бо тартиби таъсисдиҳии ташкилоти ибтидоии ҳизб, қабул ба аъзогӣ тибқи Оинномаи ҳизб шинос намуда, ғояҳо ва самтҳои асосии Барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро пурра маънидод кард.