Санаи 30 – юми июни соли равон тибқи нақшаи тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботӣ дар ташкилоти ибтидоии “Истиқлолият” дар назди ширхоргоҳ - кӯдакистони №6 баргузор гардид. Дар кори ҷаласаи мазкур намояндаи кумиҷроияи шаҳри Хуҷанд сармуҳаррири нашрияи ҳизбии “Шафақ” Назокат Юсуфова иштирок ва баромад карда, ҳисоботи солонаи ташкилоти ибтидоиро хуб арзёбӣ намуда, ҷиҳати пешбурди корҳои ҳизбӣ ва тарзи дурусти ҳуҷҷатгузориҳо маслиҳатҳои муфид дод.

Ҳамчунин оид ба масъалаҳои мубрами рӯз пешгирӣ намудани ҷинояткорӣ байни наврасону ҷавонон, шомилшавӣ ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб, инчунин риояи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”,”Дар бораи танзими анъанаи ва ҷашну маросимҳо” сухан карда, даъват ба амал овард, ки имрӯз мо бояд садди роҳи қонуншиканиҳоро гирифта бошем ва фарзандонамонро дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ҳидоят намуда, барои рушду нумӯи Тоҷикистони саҳибистиқлоламон саҳми арзандаи хешро гузорем.