Дар чойхонаи кумитаи маҳаллаи «Қорираҳмат Қурбонов»-и шаҳри Хуҷанд вохӯрии номзадҳои Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатӣ Хуҷанд-13, ҳавзаи интихоботии вилоятӣ «Масжиди Сурх-№5» ва ҳавзаи интихоботии шаҳрӣ «Қорираҳмат Қурбонов-№4» бо интихобкунандагони кумитаи маҳаллаи «Қорираҳмат Қурбонов» баргузор гардид. Дар ин вохӯрӣ номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Хуҷанд -13, Турсунова Гулбаҳор Назирҷоновна, шахси боэътимоди ӯ устоди ДДҲБСТ Раҳимов И., шахси боэътимоди номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят аз ҳавзаи интихоботии «Масҷиди Сурх-№5», Раҷаббой Аҷҳмадзода, Биҳоҷал Раҳимова, номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз ҳавзаи интихоботии «Қорираҳмат Қурбонов-№4» Зоидов Зокир иштирок намуда, аз барномаҳои пешазинтихоботии номзадон сухан гуфтанд. Ҳамчунин, раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов дар вохӯрӣ ширкат варзида, накшаҳои амалӣ намудаи ҳизбро дар панҷ соли гузашта ёдовар шуд ва оид ба самтҳои асосии барномаи ҳизб дар панҷ соли оянда сухан ронд.