Субҳи имрӯз дар Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд аз ҷониби вакилони конфронси 20-уми ғайринавбатии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд номзадии Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии вилоятии  «Бофанда №2» пешбарӣ ва тасдиқ карда шуд.

Наим Маликисломӣ, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд баъди гузаронидани расмиёти конфронс иттилоъ дод, ки дар асоси қарори Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз 26 –уми декабри соли 2017 таҳти №265 «Дар бораи пеш аз мӯҳлат қатъ намудани ваколати вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд дар ҳавзаи интихоботии «Бофанда 2» ва тибқи моддаҳои 25 ва 48 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» оид ба тартиби пешбарии номзадҳо ба вакилӣ ва оид ба гузаронидани интихоботи вакилон ба ивази вакилони хориҷшуда, мо имрӯз имкон дорем, ки номзади худро ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии «Бофанда №2» пешбарӣ намоем. Ба вакилии  Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии «Бофанда №2» номзад аз ҳисоби аъзои ҲХДТ Маъруф Муҳаммадзода, Раиси шаҳри Хуҷанд пешниҳод карда мешавад.

Сипас, 180 нафар вакилон ин пешниҳодро пазируфта, барои тасдиқи номзадии Маъруф Муҳаммадзода ба ҳайси номзад ба вакилии  Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии «Бофанда №2» райъ доданд.

Дар кори конфронс Мӯъмин Шарифзода, ректори ДДҲБСТ, Хайринисо Темурова, устоди Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ, Абдусалом Ваҳҳобзода, сардухтури беморхонаи шаҳри №2, Абдунабӣ Халилзода, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти ҲХДТ дар вилояти Суғд ва дигарон баромад намуда, аз кордонӣ, муваффақият ва фазилатҳои неки Маъруф Муҳаммадзода сухан ронданд. Зикр гардид, ки давоми роҳбарии Маъруф Муҳаммадзода дар шаҳри Хуҷанд силсилаи зиёди корҳои ободонӣ сурат гирифта истодааст. Маҳз кордонӣ, таҷриба ва лаёқати нодири Раиси шаҳр имкон дод, ки маркази маъмурии вилояти Суғд-шаҳри Хуҷанд ободу хуррам ва тозаву ороста гардидааст. Минбаъд низ сокинони шарафманди шаҳри Хуҷанд дар канори Раиси шаҳр Маъруф Муҳаммадзода қарор гирифта, барои суръатбахшии соҳаҳои гуногуни шаҳр саҳми арзандаи хешро мегузоранд.

Дар анҷоми конфронс қарорҳои дахлдор ба тавсиб расид ва аз комиссияи ҳавзаи интихоботии вилояти Суғд даъват ба амал оварда шуд, ки номзади пешбаришударо ба вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии «Бофанда №2» ба қайд гирад.
Интизор меравад, ки интихоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд дар ҳавзаи интихоботии «Бофанда №2»-и шаҳри Хуҷанд санаи 25 –уми феврали соли равон сурат гирад.