Ҳамасола дар тамоми ҷаҳон аз 25-уми ноябр то 10-уми декабр маъракаи иттилоотии «16 рӯз алайҳи хушунат нисбат ба занон» сурат мегирад, ки он дар иртибот ба «Конвенсия оиди бартараф намудани ҳама гуна маҳдудкуниҳои ҳуқуқи занон» қабул гардидааст.

Дар доираи маъракаи иттилоотии мазкур имрӯз дар Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҲХДТ "Сомон" дар назди маҳаллаи «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва намояндагони Ташкилоти ҷамъиятии Маркази занон “Гулрухсор” чорабинӣ доир гардид.

Дар оғоз муовини раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҲХДТ "Сомон", декани факултети бизнес ва идоракунии донишгоҳ дотсент Ҷамшед Тӯразода зикр намуд, ки чорабинии мазкур бо мақсади дар амал татбиқ намудани сиёсати давлатӣ ва ҳизбӣ оид ба ҳуқуқи оила, баланд бардоштани сатҳи маданияти ҳуқуқии ҷавонон, устувории нақши оила, бунёди оилаи солим, парваридани ҳисси масъулиятшиносӣ дар ниҳоди ҷавонон, тараннуми арзишҳои олии оила, тарбияи ҷавонон ба ватнадӯстию меҳанпарастӣ, пешгирии омилҳои номатлуб ва хушунати оилавӣ равона карда шудааст.

Дар вохӯрӣ муовини раиси Ташкилоти ҷамъиятии Маркази занон “Гулрухсор” Сабоҳат Бобоҷонова ва корманди маркази мазкур Умедахон Латипова баромад карданд.

Иброз гардид, ки максади гузаронидани чунин чорабиниҳо ҷалби диққати ҷомеа ба проблемаи зӯроварӣ нисбати занон, мусоидат намудан дар баланд бардоштани мақоми иҷтимоӣ-сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии занон ва коҳиш додани хушунати хонаводагӣ мебошад.

Мулоқот бо саволу ҷавоб ва мулоҳизаронии иштирокчиён анҷом ёфт.