Бахшида ба солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳои шаҳр ҷаласаи идона доир мегардад. Дар қими низомии 3501 ҳамоиши мутантани идона доир гардид. Дар чорабинии идонаи афсарону сарбозони ин қисми ҳарбӣ Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ва сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон, вакили Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулбаҳор Турсунова, раиси Кумитаи иҷроияи Хизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов ва дигар меҳмонон ширкат намуданд. Баъди иҷроиши Суруди Миллӣ, кули ҳозиронро сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон бо иди фархундаи миллат табрик намуда, афсарону сарбозонро ба хизмати содиқона ва ҳимояи манфиатҳои давлат даъват намуд. Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода тамоми хизматчиёни ҳарбиро бо фарорасии ҷашни Истиқлолият табрик намуд. Раиси шаҳр таъкид намуд, ки имрӯз давлату ҳукумат масъулияти басо муҳим, - ҳимояи арзишҳои давлатдориро ҳамчунин ба сарбозони шуҷои ватан бовар намудааст. «Бо назардошти ин таваҷҷӯҳу ғамхории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таҳкими имкониятҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, таъмини шароити хизматии ҳомиёни ватан ҳамешагӣ аст.»,зикр намуд Раҷаббой Аҳмадзода. Барои хизмати софдилона ва нишондиҳандаҳои хизматӣ ба 4 нафар хизматчиёни ҳарбии ин қисми низомӣ Сипосномаи Раиси шаҳри Хуҷанд ба чанде аз сарбозон тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд. Баъди гузашти гузашти ҳарбӣ аз ҷониби бахши фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд барномаи консертии идона пешкаш гардид. Ҳамчунин бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба хизматчиёни ҳарбии қисми низомии 3501 дастурхони идона ороста шуд. Ҳайати меҳмонон дар интиҳои чорабинӣ аз шароити буду боши хизматчиёни ҳарбии ин қисми низомӣ ошно гашта, изҳори қаноатмандӣ намуданд.