Субҳи имрӯз бахшида ба Рӯзи Президент дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Оби тоза” дар назди Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар, роҳбарияти Сарраёсати мазкур ва аъзоёни фаъоли ҳизб иштирок доштанд. Раиси кумиҷроия Наим Маликисломӣ оид ба саҳми Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Раиси муазззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешрафт ва тараққиёти кишвар баромад намуда, иштирокдоронро бо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик кард. Дар фарҷоми маҷлис ба ду нафар аъзои фаъоли ҳизб Сипоснома ва туҳфаи хотиравии кумиҷроияи шаҳрӣ супорида шуд.

Ҳамин гуна чорабиниҳо дар дигар ташкилотҳои ибтидоӣ гузаронида шуда истодааст.