"Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!"

Тантанаи ҷашни Истиқлол дар маҳаллаи “Навбаҳор”-и шаҳри Хуҷанд  

 

Боиси ифтихору сарфарозист, ки мо мардуми шарафманди кишвар таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро сарбаландона пешвоз мегирем.

Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани ин ҷашни таърихӣ Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ҳамҷоя бо Кумитаи маҳаллаи “Навбаҳор”-и шаҳр чорабинии