Тибқи нақшаи корӣ мудири шӯъбаи умумӣ ва назорати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Махсудҷон Абдуғафуров бо мақсади шиносоӣ аз фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии «Омори вилоят», «Кумитаи маҳаллаи Ваҳдат», «Ориён» ва «Бойгонии вилоят» бо раисони ташкилотҳои ибтидоӣ мулоқот доир намуд.

Зимни вохӯрӣ ҳамаи ҳуҷҷатгузориҳои ташкилотҳои ибтидоӣ аз санҷиш гузаронида шуда, ҷиҳати дуруст ба роҳ мондани фаъолияти ҳизбӣ якчанд маслиҳатҳо дода шуд. Ҳамзамон оид ба баргузор намудани чорабиниҳо доир ба Қабули қатъномаи Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» ва эълон гардидани соли 2017 «Соли ҷавонон» дар ташкилотҳои ибтидоӣ дастуру супоришҳо дода шуд.