Ҳамасола аҳли ҷомеа Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси дастури роҳнамо ва барномаи амал қабул менамоянд. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд, тибқи нақшаи бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр мувофиқа кардашуда дар ташкилоти ибтидоии Беморхонаи клиникавии вилояти Суғд вохӯрӣ оид ба шарҳи муҳимтарин нуктаҳои Паёми навбатии Сарвари давлат ба мақомоти олии қонунгузор баргузор гардид.

  Дар вохӯрӣ муовини вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолзода М.,  Узви Маҷлиси Миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Аминҷонова С. , Ноиб ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров-Давлатзода Р. ва муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд-Ӯрунбоева М. ширкат варзиданд.

 Намояндагони вохӯрӣ дар баромадҳояшон қайд намуданд, ки дар Паём Сарвари давлат фаъолияти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ, сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври амиқ мавриди таҳлил қарор дода,  самтҳои минбаъдаи фаъолиятро муайяну мушаххас намуданд. Махсусан баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, омӯзиши забони давлатӣ ва хориҷӣ, таълими фанҳои дақиқ, тарғибу ташвиқи китобхонӣ дар байни аҳли ҷомеа, ташкили озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ...” нуктаҳои меҳварии Паём буданд. Қайд гардид, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз фонди Президенти кишвар аз чоп баровардан ва ба ҳар оилаи кишвар дастрас намудани китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ба нақша гирифта шавад.

 Дар фарҷоми вохӯрӣ таъкид шуд, ки дастуру супоришҳое, ки аз ҷониби Сарвари давлат дода мешавад, бояд ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷрои он саҳмгузор бошанд.