Дар доираи нақши – чорабинии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо мақсаду шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Хонаи пиронсолони шаҳри Хуҷанд мулоқоти кормандони кумиҷроия бо бошандагони Хонаи пиронсолон доир гардид.

Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии директори муассиса Абдуазиз Зуҳуров оғоз ёфт. Номбурда дар баромадаш зикр сохт, ки ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, дастгирии куҳансолону яимон, барҷомондагону нафарони бекасу кӯй  дар меҳвари асосии Паёми Сарвари давлат қарор дошта, шурӯъ аз моҳи сентябр дар ҳаҷми 15 фоиз баланд гардидани нафақа руҳияи мардумро шод намуд.

Хайринисо Темурова, аъзои фаъоли ҳизб зимни суханронии хеш зикр намуд, ки яке аз хусусиятҳои Паёми навбатии Президенти кишвар аз он иборат аст, ки рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар дар ҳафт соли охир аз соли 2013 то соли 2019 муқоиса, таҳлил ва хулосабарорӣ карда шуда, муваффақиятҳо дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа муайян ва вазифаҳои минбаъда мушаххас гардид. Паёми Пешвои миллат, ҳамчунин ҳисоботи муфассал дар назди мардуми кишвар доир ба иҷрои пурраи Барномаи пешазинтихоботии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати ҳафт соли сипаришуда мебошад.

Заррина Манонова, мудири шуъбаи кор бо занони кумиҷроияи шаҳрӣ дар баромадаш таъкид дошт, ки нуқтаи меҳварии Паёми Сарвари давлат рӯ ба асолати фарҳанг ниҳодан аст. Ба андешаи Сарвари давлат барои дӯст доштани миллат танҳо моро мебояд, ки аз гузаштаи пурғановати хеш огоҳии бештар дошта бошем. Дар ин замина хондани асари безаволи «Тоҷикон»- и Бобоҷон Ғафуров ва тақдими он ба ҳар хонадон то ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон армуғони хубе мебошад

Аҳли бошандагони Хонаи пиронсолон бо руҳбаландии бузург омодагии худро дар мавриди омӯзиши Паём иброз доштанд