"Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!"

Сокинони маҳаллаҳои навбунёди шаҳри Хуҷанд бо оби нӯшокӣ таъмин хоҳанд шуд.

Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми солҳои 2016-2017 маҳаллаҳои навбунёди аз 1 то 11 ва маҳаллаҳои 14 ва 15-уми шаҳри Хуҷанд бо оби нӯшокӣ таъмин хоҳанд шуд. Доири мушкилоти ҷойдошта ҳангоми боздид аз ин маҳаллаҳо ва мулоқот бо Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода дар моҳи ноябри соли гузашта сокинон изҳори назар намуда буданд. Раиси шаҳри Хуҷанд ба масъулини идораи сохтмонӣ, шаҳрсозӣ ва обтаъминкунии шаҳр супориш дода буд,ки бобати ҳалли масъалаҳои ҷойдошта чораҷӯӣ намуда лоиҳаи бо оби нӯшокӣ таъмин намудани ин маҳаллаҳоро омода намоянд.


Нравится

Паём меҳвари пешбарандаи ҷомеа

Ҷиҳати тарғибу ташвиқи нуқтаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ҷадвали тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ мулоқоту вохӯриҳо доир гардида истодаанд.


Нравится

Пазироии КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд аз Паёми Президент

Имрӯз дар Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд аҳли кормандони кумиҷроия Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба Маҷлиси Олии кишвар ироа гардид ба воситаи оинаи нилгун тамошо карданд.


Нравится