Имрӯз дар Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд аҳли кормандони кумиҷроия Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба Маҷлиси Олии кишвар ироа гардид ба воситаи оинаи нилгун тамошо карданд. Паёми Президенти мамлакат, «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳуриии Тоҷикистон» ва бо дарназардошти муайян намудани самтҳои фаъолияти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, ҳалли саривақтии масъалаҳои вобаста ба таъмини нишондиҳандаҳои дурнамои соли 2016 пешниҳод гардид. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои дар Паём зикргардида кӯшиш ба харҷ медиҳанд.