Мо устодони факултети баҳисобгирӣ ва андози Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон таърихи 15.02.2017  дар машварати олимони факултет перомуни мақолаи муовини якуми Раиси ҲХДТ Саидмурод Фаттоҳзода «Ҳазорсола раҳ аст аз ту то мусалмонӣ…» фикру андешаронӣ кардем. Устодони факултет ба мазмун ва мундариҷаи мақола баҳои баланд доданд. Онҳо зикр намуданд, ки мо бояд ба муқобили хатари экстримизм ва терроризм дар атрофи давлат ва ҳукумати худ муттаҳид бошем, баҳри зиракии сиёсии шаҳрвандон тамоми тадбирҳоро андешем. Дар мақолаи мазкур бо такя ба далелҳои мӯътамад ва андарзҳои бузургон сиёсати иртиҷоии ДИИШ маҳкум карда шудааст, ки ин иқдом талаби замон мебошад. Дини мубини ислом дини поку мубарро аст. Мусалмонон мардуми таҳаммулпазир, меҳрубон ва аз ҷангу хушунат безоранд. Аз тарафи дигар, бузургони дини ислом, аз ҷумла Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ пайваста талқин мекарданд, ки дарҳои дини ислом барои ҳамаи миллатҳо, гурӯҳҳо, тоифаҳо кушода аст. Ҳар шахс сарфи назар аз он, ки ба кадом дин эътиқод дорад, метавонад, дар фазои дини ислом пуштибонии худро ёбад. Аммо дар таърихи дини ислом давраҳое буданд, ки равияҳои динӣ манфиатҳои худро аз манфиати халқу миллат боло гузошта, байни ҳамдигар ба хунрезӣ машғул мешуданд. Аз ин амали ношоями онҳо бузургони миллат, пешвоёни дини мубини ислом ба дод омада буданд. Масалан, Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ, ки пешвои равияи «нақшбандия» дар дини мубини ислом буд, бо байтҳои худ рафтори онҳоро маҳкум мекард. Аммо амалҳои ғайриинсонии ДИИШ аз он шаҳодат медиҳанд, ки кирдору амали онҳо фарсахҳо аз дини мубини ислом дур аст. Зеро он зӯроварӣ, ваҳшоният, бераҳмӣ, ки онҳо дар солҳои охир нисбати кӯдакон ва модарони мусалмон содир кардаанд, тасаввурнопазир аст. Ҳатто Чингизи бераҳм, агар зинда мебуд, аз ин рафтори онҳо ангушти ҳайрат мегазид. Дар мақолаи Саидмурод Фаттоҳзода масъалаҳои муҳиме ба миён гузошта шудааст, ки масъалаҳои меҳварӣ буда, на як бору ду бор, балки, пайваста онҳоро омӯхтан ва амалӣ намудан лозим аст.

 Гурӯҳи кории таҳлилӣ-иттилоотии факултети баҳисобгирӣ ва андоз