"Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!"

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Роҳнамо ба сӯи фардои ободу дурахшон

Имрӯз дар ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар беморхонаи бачагонаи шаҳри Хуҷанд вохӯрии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов бо кормандони беморхона баргузор гардид. Дар вохӯрӣ раиси кумиҷроияи шаҳрӣ доир ба самтҳои муҳими Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сухан ронда, зикр кард, ки тамоми кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ барои боз ҳам беҳтару хубтар ба роҳ мондани сифати хизматрасонӣ бояд кӯшиш ба харҷ диҳанд Ҳар як нуктаи Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои кормандони соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар роҳнамоест, ки бояд барои иҷрои он шабонарӯзӣ софдилона меҳнат кард.


Нравится

Сафи аъзоёни ҲХДТ меафзояд

Дар Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд аз ҷониби раиси кумиҷроия Наим Маликисломов ба яке аз ҷавони лаёқатманд, сокини шаҳри Хуҷанд, донишҷӯи фаъоли Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон Мақсудҷон Сангинов, ки оид ба дохил шудан ба узвияти ҲХДТ бо аризаи шахсии худ муроҷиат намуда буд, шаҳодатномаи ҲХДТ супорида шуд. Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов нисбати пешбурди кор ва фаъолияти ҳизб фикру ақидаи худро иброз намуда, ба аъзои нав барои амалӣ намудани барномаи ҲХДТ, корҳои фаҳмондадиҳӣ, ва ташвиқотию тарғиботӣ содиқона хизмат намудан ба Ватан муваффақиятҳоро таманно намуд.


Нравится

Омӯзиши Паёми Пешвои миллат

Дар толори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №20-и шаҳри Хуҷанд бо аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар кумитаи маҳаллаи «Чорчароғ» ва бошандагони маҳалла доир ба омӯзиши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот доир шуда, дар он аъзои гурӯҳи ташвиқотию тарғиботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд, мудири шӯъбаи кор бо занони кумиҷроия Мукаррама Неъматова ширкат варзида, қайд кард, ки паёмҳои солонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хусусиятҳои хоси худ аз ҳамдигар фарқ намуда, дар заминаи вазъи воқеии ҷаҳони муосир ва масоили мубраму муҳим расонида мешаванд.


Нравится