Тибқи   ҷадвали  тасдиқгардида  мудирони шӯъбаҳои кор бо занону ҷавонони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар  шаҳри Хуҷанд санаи 15 феврали соли  2019 дар қисми ҳарбии 35-01-и Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, Рӯзи дарҳои кушод баргузор гардид.

Дар маросими кушодашавии чорабинии мазкур мудирони шӯъбаҳои кор бо занону ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ва кормандони қисми ҳарбии 35-01-и Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва баромад намуданд. Зикр гардид, ки чорабинии мазкур бо мақсади беҳдошти тарбияи ватандӯстии ҷавонон, ҳурмату эҳтиром ва садоқат ба Ватан-Модар гузаронида шуд.

Хонандагони ташрифоварда аз ҳаёту фаъолияти рӯзмарраи ҳайати шахсӣ дидан намуда, бо реҷаи кори сарбозон шинос шуда, аз хӯрокҳои онҳо чашиданд.

Дар қисмати дуюми чорабинӣ  дар толори маҷлисгоҳи муассисаи мазкур аз тарафи тарбиятгирандагон кӯдакистони «Дилоро» шеъру сурудҳо қироат намуда, рақсҳои ҷолиб пешкаши ҳозирин намуданд. Хонандагон ва омӯзгорон ҳамаи афсаронро бо фарорасии рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику муборакбод намуданд. Чорабинӣ хубу хотирмон гузашт.