Ба муносиати ҷашнвораҳои миллӣ ва санаҳои таърихӣ ба роҳ мондани амалҳои хайр ва иқдомҳои ватандӯстона, аз қабили аёдату дастгирии собиқадорон ва ниёзмандон дар Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд анъанаи дерина аст.

Аз ҷула, дар арафаи фарорасии Соли нави мелодӣ тибқи Барқияҳои  Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ №23 аз 27.12.2019 ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар виояти Суғд  №93 аз 27.12.2019 бо мақсади дастгирӣ ва расонидани кӯмакҳои яквақтаина ба оилаҳои ниёзманду бесаробон, ятимону маъюбон, пиронсолон ва ба ин васила таҳким бахшидани обрӯ ва нуфузи ҳизб дар байни қишрҳои мухталифи ҷомеа бо  ҷалби васеи соҳибкорону эҳсонкорон ва фаъолони ҳизб дар маҳаллаҳо маросими аёдату супоридани кӯмакҳои яквақтаина аз ҷониби гурӯҳи аёдатӣ дар ҳайати муовини Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд  Шарифзода Аминҷон ва Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим  ба роҳ монда шуд.

 Дар ин амали хайр вакилони Маҷлиси шаҳрии вакилони халқ низ фаъолона иштирок намуданд.

Аъзоёни гурӯҳи аёдатӣ аёдатшудагонро ба муносибати Соли нав аз номи Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Сатториён Матлубахон Амонзода табрику муборакбод гуфта,  ба онҳо кӯмакҳои яквақтаинаро ба ҳайси туҳфаи солинавӣ супориданд.

 Дар ин радиф бо дасгирии вакилони халқ, соҳибкорону саховатмандон ва фаъолони ҳизб барои тарбиятгирандагони Муассисаи давлатии Мактаб – интернати ёрирасони шаҳри Хуҷанд дастархони идона ороста, туҳфаҳои солинавӣ, аз ҷумла чиптаи намоишномаи театрикунонидашуда супорида шуд. Ҳамин гуна сокинони ниёзманди маҳаллаҳо низ бо маблағҳои пулӣ, чипта ба чорабиниҳои солинавӣ ва тӯҳфаҳо дастгирӣ карда шуданд.

Ин амалҳои  хайр боиси сарфарозии ҳама аёдатшудагон гардида, барои чунин ғамхорию дастгирӣ ба унвони Пешвои муаззами миллат, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳбарияти кумитаҳои иҷроияи ҳизбии вилоят ва шаҳри Хуҷанд миннатдорӣ баён намуданд.