Дар партави Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо дар тамоми корхонаву ташкилотҳои кишвар муҳокимаи бандҳои ин ҳуҷҷати раҳнамунсоз идома дорад. Дар ҳошияи ин гуна вохӯриву мулоқотҳо рӯзи гузашта Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов ба беморхонаи шаҳрии бемориҳои сил ташриф оварда, бо фаъолон мулоқот доир намуд. Аз ҷумла зимни баромад зикр намуд, ки дар Паёми имсолаи роҳнамои миллат Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон се самти стратегии кишвар- раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор гирифт ва ин дастовардҳо солҳои минбаъда низ вусъат бахшида мешавад. Ҳамчунин дар Паёми имсола соҳаи тандурустӣ чун соҳаи муҳим арзёбӣ шуда, ба гуфтаи Президенти кишвар бо вуҷуди солҳои охир ворид шудани технологияҳои муосири тиббӣ ҳанӯз дониш ва маърифати мутахаассисон барои корбурди он намерасад. Ба андешаи Раиси ҲХДТ вақти он расидааст, ки мутахассисонро дар руҳияи огоҳ будан аз технологияву нанотехнология бояд тарбия намуд. Наим Маликисломов дар фуроварди гузориши худ қайд намуд, ки соли равон «Соли фарди солим» эълон шудааст ва ҳизбиёнро мебояд ба ин масъала эътибори ҷиддӣ дода, бо кору пайкори худ барои беҳдошти ҳаёти солими ҳар як фард ва ҷомеа кӯшиш варзанд. Дар анҷоми вохӯрӣ ба якқатор кормандони фаъол дар вазъияти тантанавӣ аз ҷониби Раиси кумиҷроия шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.
Шарҳ додан
-
Танзими анъана ва чашну маросимхо2017-07-25 10152
-
Сафи аъзоёни ХХДТ зиёд мешавад2014-09-22 9985
-
Боздид аз ташкилотҳои ибтидоӣ2014-09-11 8113
-
Забони тоҷикӣ- забони шеър ва забони муҳаббат аст2016-10-10 7906
-
Вохӯрӣ дар МТМУ №122016-04-21 7276
-
Хуҷанд: КОНСТИТУТСИЯ - РОҲНАМО ВА ҚУТБНАМОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ2023-11-03 1140
-
Хуҷанд: АРҶГУЗОРӢ БА ХИЗМАТИ ШОЁНИ СОБИҚАДОРИ ҲХДТ2023-11-01 1174
-
ҶОМЕАИ СОЛИМ АЗ ҶАВОНОНИ СОЛИМ2019-03-01 1119
-
Маҷлиси ҳисоботии шӯъбаи кор бо занон2015-02-04 1464
-
Забони тоҷикӣ- забони шеър ва забони муҳаббат аст2016-10-10 7906
-
САҲМИ ҲИЗБИЁНИ ШАҲРИ ХУҶАНД ДАР ҒУНУЧИНИ ПАХТА2019-10-26 1019
Меҳмонон