Ба ифтихори ҷашни касбии омӯзгорон дар толори маҷлисгоҳи Кумитаи итҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд чорабинии тантанавӣ доир гардид.

Маликисломӣ Наим Мунаввар, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд  чорабиниро ҳусни ифтитоҳ бахшида, аз номаи кулли ҳизбиёни шаҳр омӯзгоронро бо ҷашни касбиашон шодбош намуд. Гуфта шуд, ки ҷашни касбии омӯзгорон, ки ҳар сол дар айёми фасли заррини тирамоҳ якшанбеи якуми моҳи октябр таҷлил карда мешавад, аз таваҷҷуҳу ғамхории давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати  аҳли илму зиё, омӯзгорону мураббиён ва дигар алоқамандони соҳаи маориф далолат медиҳад. Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар фаъолияти ҳаррӯзаи худ дастгирии кормандони соҳаи маорифро эҳсос мекунад. Аз шумораи умумии аъзои ҳизб беш аз 5 ҳазор нафарро омӯзгорон ташкил додан худ далолати он аст, ки омӯзгорон амаликунандаи ҳадафҳои оинномавӣ ва барномавии ҳизб ҳастанд. Хоссатан дар марҳилаи муҳими сиёсӣ – баргузории интихобот ба маснади президентӣ нақш масъулият ва салоҳияти Шумо – омӯзгорон зиёдтар мегардад. Шумоён дар баробари тарбияи камолоти маънавии насли худогоҳи миллат, ҳамзамон дар баланд бардоштани эҳсоси худшиносӣ ва дӯстдории Ватан дар ҷомеа хидмати шоиста анҷом медиҳед.

Дар идомаи чорабинӣ раиси кумиҷроия якчанд нафар устодони соҳибкасбро барои фаъолияти бомаром дар таълиму тарбияи ҷавонон бо Ифтихорномаи  ва тӯҳфаи хотиравӣ сарфароз намуд.

Чорабинӣ хушу хотирмон анҷом ёфт.