"Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!"

Аёдат дар рӯзи ид

Дар арафаи ин ё он ҷашнҳои миллӣ аёдати шахсони бемору барҷомонда, ятиму бепарастор, ниёзмандон ва дилшикастагон аҷру савоби бештар дорад. Тибқи дастури Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд санаи 23-уми феврал бахшида ба иди Артиши миллӣ вакили маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз ҳавзаи интихоботии Себзор №7 Наим Маликисломов истиқоматкунандаи маҳаллаи Чорчароғ, кӯчаи Раззоқи нав, хонаи №21 оилае, ки фарзанди худро дар вақти адои хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ гум кардааст аёдат намуд.


Нравится

Созандагони Ватан сокинонро табрик карданд

Аъзоёни ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан»-и Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба 23-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миқёси шаҳри Хуҷанд зиёда аз 500 нафар мардонро ба муносибати иди Артиши миллӣ табрик намуда, ба онҳо варақаҳои табрикотии Кумиҷроияи шаҳрии ҳизбро тақдим намуданд.


Нравится

Таъсиси гурӯҳи «Мушоҳидон»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ дар баробари ҳамаи роҳбарону масъулон аз ҳар як фарди бонангу номус ва ватандӯсти кишвар даъват ба амал оварданд, ки дар ин соли таърихӣ, яъне 25-солагии Истиқлолияти кишварамон аз ҳарвақта бештар масъулиятшинос бошем.


Нравится