"Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!"

Тозагии маҳал ободии Ватан аст.

Бо мақсади тарбияи ифтихори ватандориву ватанпарастии ҷавонон ва саҳмгузоштан дар ободии кишвар тибқи нақша-чорабинии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан»- Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд санаи 20-уми феврал бахшида ба рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар боғи Ғалабаи шаҳри Хуҷанд шанбегӣ баргузор гардид.


Нравится

Аёдат дар арафаи иди Артиши миллӣ

Бахшида ба яке аз ҷашнҳои муҳими кишвар рӯзи таъсисёбии Артиши миллӣ Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр Наим Маликисломов ва кормандони кумиҷроия аз ҳолу аҳволи иштирокҷиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, падару модарони онҳое, ки дар давраи хизмати ҳарбӣ ҳалок ва беному нишон гардидаанд, пурсон гардида, табрикоти роҳбарияти Кумитаи иҷроияи Марказӣ ва Кумитаи иҷроияи Вилоятии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро расониданд ва ба онҳо кӯмакҳои хайриявӣ намуданд.


Нравится

Мулоқоти ҷавонон

Тибқи нақшаи чорабинии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан»-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба 23-умин солгарди иди Артиши миллӣ бо донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии ҳуқӯқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мулоқот бо иштироки намояндагони комиссариати ҳарбии шаҳри Хуҷанд ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид.


Нравится