Бо ширкати аъзоёни Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ,  собиқадорони ҳизб, аъзоёни Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандгони Ватан» имрӯз 23 январ дар маҷлисгоҳи кумиҷроияи вилоятӣ ҷаласаи ҳисоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд доир гардид. 

Дар кори ҷаласа ҳамчунин намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Абдунабӣ Сангинов ва намояндаи МИҲД –и шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов ширкат доштанд.

          Маликисломӣ Наим Мунаввар, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд оид ба масъалаи якуми рӯзнома-ҷамъбасти фаъолияти кумиҷроияи шаҳрӣ  дар соли 2016 ва вазифагузориҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Раиси ҳизб Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ 5 январи соли 2017 баромад намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки  самтҳои асосии фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд дар соли 2016 тибқи дастуру супоришоти Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Анҷумани XII ҲХДТ, Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Оинномаи ҳизб, Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, ба Парлумони кишвар ва тамоми мардуми Тоҷикистон аз 20-январи соли 2016,  Маводҳои Конференсияи 11-уми ҲХДТ дар вилояти Суғд, маводҳои Конференсияи 14-уми  ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд, ба роҳ монда шуд.

 Аъзои ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд аз 13088 нафари охири соли 2015 ба 15253 нафар расонида шуд ва шумораи кумитаи иҷроияи ибтидоӣ аз 1 адад ба 4 адад ва шумораи ташкилотҳои ибтидоӣ аз 171 адади соли гузашта ба 215 адад расидааст.

Аз шумораи умумии аъзоёни ҳизб 5730 нафар дорои маълумоти олӣ, 6119 нафар дорои маълумоти олии нопурра ва 1877 нафар дорои маълумоти миёнаи махсус мебошанд. 9346 нафарро занон, 8184 нафарро ҷавонон дарбар мегиранд.

Дар давоми соли 2016 -3 конференсияи ғайринавбатӣ, 8 ҷаласаҳои Кумитаи иҷроия ва Раёсат гузаронида шуд, ки дар онҳо  пешбарии номзадҳои ҲХДТ ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ба ҷои вакилони хориҷшуда, масъалаҳои муҳими сиёсиву дохилиҳизбӣ, аз ҷумла вазифаҳои ташкилотҳои ҳизбӣ, ки аз дастуру супоришҳои дар Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён гардида бармеоянд, муҳокимаи фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ, қабул ва тасдиқи низомномаи воҳидҳои сохторӣ, амалӣ намудани супоришҳои роҳбарияти ҳизб дар маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ аз 4 декабри соли 2015, тоза кардани сафи ҳизб аз шахсони тасодуфӣ, супоридани аъзоҳақии ҳизбӣ ва монанди инҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Баъдан маърӯзачиён Исматҷон  Ҷумъаев, раиси ташкилоти ибтидоии кумитаи маҳаллаи «Содирхон Ҳофиз», Нуриддин Ашӯров, ҷонишини раиси ташкилоти ибтидоии «Беморхонаи бачагонаи вилояти Суғд» ва Зарнигор Ҷураева, аъзои ҷавони ҲХДТ, донишӯи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба фаъолияти яксолаинаи кумиҷроия баҳои қанотбахш дода, барои боз ҳам густариш ёфтани фаъолияти ҳизб дар ҳама бахшҳо таклифҳои судманд доданд.

Аҳли нишаст дар идомаи ҷаласа  нақшаи кории Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Хуҷандро барои нимсолаи аввали соли 2017, ки қаблан аз ҷониби кумиҷроия пешкаши аъзои кумиҷроия карда буданд, тасдиқ намуданд.

Дар идомаи кори маҷлис ҷамъбасти иншо бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, бо баҳодиҳии ҳайати ҳакамон донишҷӯёни зерин: Нозила Каримова сазовори ҷойи якум, Бахтиёр Азизов ва Умеда Абдуллоева сазовори ҷойи дуюм, Меҳроҷиддин Раҳимов ва Ҳабиба Турсунова сазовори ҷойи сеюм шуда, соҳиби тӯҳфаҳои пулӣ гардиданд. Тӯфаҳоро раиси кумиҷроия Маликисломӣ Наим Мунаввар ва аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷуразода Ҷамшед Ҳабибулло дар вазъияти тантанавӣ ба ғолибон супориданд.

Аз номи ғолибон Нозила Каримова зимни суханронӣ миннатдории хеш ва аҳли донишҷӯёнро ба роҳбарияти ҳизб расонда, таъкид дошт, ки минбаъд низ бо дониш ва рафтори намунавӣ барои боз ҳам баланд бардоштани мавқеи кишварамон дар арсаи байналмилалӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Дар ҷамъбасти кори ҷаласа Маликисломӣ Наим Мунаввар бобати пардохти аъзоҳаққӣ, танзими ҳуҷҷатгузорӣ ва масъулиятшиносии роҳбарони ташкилотҳои ибтидоӣ сухан карда, даъват ба амал овард, ки ташаббускорию тозапардозӣ шеваи асосии ҳизбиён бояд бошад.

Бо ҳамин ҷаласа ба кори худ хотима пазируфт.