"Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!"

Вохӯрӣ дар хобгоҳ

Дар асоси нақша-чорабиниҳои кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба рӯзи таъсисёбии Артиши миллӣ дар хобгоҳи рақами 9-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров бо бошандагони хобгоҳи мазкур мулоқот баргузор гардид. Дар мулоқот Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов ширкат варзида, иштирокчиёни чорабиниро ба муносибати фарорасии 23-умин солгарди рӯзи Артиши миллӣ табрику муборакбод намуд ва дар вазъияти тантанавӣ ба устоди донишгоҳ, иштирокчии ҷанги Афғонистон тӯҳфаи хотиравии кумиҷроияи шаҳрии ҳизбро тақдим намуд.


Нравится

Ҷашни Артиши миллӣ

Бахшида ба рӯзи таъсисёбии Артиши миллӣ дар толори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 27-и шаҳри Хуҷанд чорабинӣ бо иштироки устодону хонандагони дабистони мазкур баргузор гардид ва дар он мудири шӯъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маҳмадсалим Ҳаитов ширкат варзида, ба иштирокчиёни чорабинӣ табрикоти роҳбарияти ҲХДТ-ро расонид.


Нравится

Вохӯрӣ бо собиқадорон

Дар толори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров бахшида ба 23-умин солгарди таъсисёбии Артиши миллӣ мулоқот бо собиқадори ҷанг, устодону донишҷӯёни донишгоҳ баргузор гардид. Дар чорабинӣ раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов ширкат варзида, иштирокчиёнро аз номи роҳбарияти КИМ ва КИВ ҲХДТ бо фарорасии 23 солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳ таҳният гуфта, барояшон хонаи обод, осмони соф таманно намуд ва ба 6 нафар собиқадорон, иштирокчиёни ҷанг тӯҳфаҳои хотиравии кумиҷроияи шаҳриро тақдим кард.


Нравится