Имрӯз дар КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд машварати назди Раиси Комиҷроия баргузор гардид. Дар ин машварат Раиси Комиҷроия Наим Маликисломов ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаронидани ҷашни 23-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони комиҷроияро вазифадор намуд.

Қайд карда шуд, ки дар ҳамаи ташкилотҳои ибтидоӣ ин чорабинӣ дар сатҳи зарурӣ гузаронида шавад. Инчунин аз ҷониби Раиси Комиҷроия оид ба иҷроиши нақшаи ҳафтаина ба кормандон супоришҳои мушаххас дода шуд.