Дар асоси қарори маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз санаи 27 апрели соли 2016 таҳти № 86 «Дар бораи таъин шудани рӯзи интихобот ба ивази вакили хориҷшуда аз ҳавзаи интихоботии Дониш №19» имрӯзҳо тибқи моддаи 34 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» оид ба гузаронидани ташвиқоти пешазинтихоботӣ, бо мақсади ташвиқу тарғиби Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва номзадҳои он дар асоси ҷадвали тасдиқнамудаи Ситоди пешазинтихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд вохӯриҳои номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз ҳавзаи интихоботии «Дониш №19» Шарифзода Шариф Файз бо интихобкунандагони ҳудуди кумитаи маҳаллаҳои Ҷаббор Расулов ва 1- Май оғоз гардидааст. Чунин вохӯрӣ 8-уми июн бо иштироки интихобкунандагони маҳаллаи Ҷаббор Расулов дар чойхонаи Қушҳавз баргузор гардид, ки дар он шахси боэътимоди Шарифзода Шариф Файз номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз ҳавзаи интихоботии «Дониш №19» Мукаррама Неъматова ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов ширкат варзида, оид ба ҳаёту фаъолият ва барномаи пешазинтихоботии номзади пешниҳоднамудаи ҲХДТ суханронӣ намуданд.