Бо мақсади фаҳмондадиҳии барномаи пешазинтихоботии худ вохӯрии номзадҳо ба вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз ҳавзаи интихоботии Дониш №19 ба ҷои вакили хориҷшуда санаи 14 июни соли равон дар толори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №5-и шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. Дар ин вохӯрӣ номзад аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз ҳавзаи интихоботии Дониш №19 Шарифзода Шариф Файз ва шахсони боэътимоди ӯ аз барномаи пеш аз интихоботии худ назди интихобкунандагон гузориш дода, қайд карданд, ки ҳадафи номзад беҳтар намудани сатҳи иҷтимоию иқтисодии кишвар аст. Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд дар баромадаш таъкид дошт, ки Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро барои солҳои 2015-2020 «Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!» унвон шуда, ҳамчун барномаи амал ба ҷомеа пешниҳод гардидааст. Дар охир миёни интихобкунандагон ва номзадҳо саволу ҷавобҳо доир гардид.