Соли равон аз таҷлили Рӯзи байналмилалии муҳофизати кӯдакон 70 – сол сипарӣ мегардад. Ба ин муносибат чорабиниҳои идона дар сар то сари кишвар доир шуда истодаанд. Воқеан ҳам, он миллат саодатёру поянда аст, ки нисбати ояндаи кӯдакони хеш бетараф нестанд. Хушбахтона, дар партави сиёсати инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар кишвари азизамон ба тарбияи кӯдак ва ташаккули тарзи ҳаёти солими насли наврас, таълиму тарбияи онҳо аҳамияти махсус дода мешавад, зеро  рушди минбаъдаи ҷомеа маҳз ба тарбияи дурусти кӯдакону  наврасон  вобаста мебошад.

Таҷлили ин ҷашн ба хотире роҳандозӣ гардидааст, ки насли калонсол таваҷҷўҳи бештар ба кўдакон ва тақдири ояндаҳои онҳо дошта бошанд. Бо арзи қаноатмандӣ метавон изҳор дошт, ки хушбахтарин кўдакон дар кишвари офтобрўяи мо зиндагӣ доранд. Сўҳбатҳои гарму самимии Пешвои миллат аз он дарак медиҳад, ки Президент кўдаконро бо самимият дўст медоранд. Хусусан Сарвари давлат беҳтар намудани вазъи шароити зиндагии кӯдакони ятиму бепарасторро дар мадди назари хеш қарор додаанд ва онҳо ҳеҷгоҳ худро яккаву танҳо эҳсос намекунанд.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон низ дастгирии кӯдаконро дар сиёсати худ дар мадди аввал гузошта, тавъманд бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мекӯшад, то шароити созгорро барои кӯдакону наврасон муҳайё созад. Баргузориии ҳамасолаи чорабинии “Нури маърифат” дар остонаи соли нави хониш ва дастгирии кӯдакони ятиму аз оилаҳои камбизоат худ далели гуфтаҳои болоианд. Дар пайравӣ ба иқдомҳои созандаи давлат ва Ҳукумат дар остонаи ин ҷашни зебои кӯдакона бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар боғи ба номи Камоли Хуҷандӣ чорабинии зебои  идона бо иштироки ятимони кулл, хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр дар дохили боғи Камоли Хуҷандӣ баргузор шуд. Кӯдакони хушбахтро ҳангоми ворид шудан ба боғ қаҳрамонҳои афсонавӣ бо шеъру тарона пешвоз гирифтанд. Дар ҳавои суруду таронаҳои марғуб кӯдакон дар ҳалқаи гулҳои зебо рақсидану бозиданд.

Дар чорабинии мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Аминҷон Шарифзода ва узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саодат Аминҷонова баромад намуда, иштирокчиёнро бо Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон табрик карда, зикр намуданд, ки ин сана солҳост, ки дар миёни мардуми мо ҳамчун яке аз рӯзҳои муҳим маҳбубияти хосса дорад. Ин ид тақрибан дар тамоми мамлакатҳои сайёра ҷашн гирифта мешавад ва ҳамеша ин санаи муқаддас моро водор менамояд, ки барои саломатӣ, тарбияи маънавии кӯдакону наврасон, фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбияи онҳо дар оила ва мактаб, инкишофи эҷодиёти бачагон ва тайёр намудани онҳо ба зиндагии оянда кӯшиш намоем. Мо онҳоро бояд сидқан дӯст дорем ва меҳру муҳаббати худро дар вуҷуди поку беолоиши онҳо ҷой диҳем.

Қайд гардид, ки баргузории чунин чорабиниҳо аз дастуру ҳидоятҳои Раиси ҳизб, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашама мегиранд ва ба хотири беҳдошти вазъи иҷтимоӣ, таълиму тарбияи кӯдакону наврасон пайваста давлату Ҳукумат ғамхориҳо зоҳир менамояд.

Сипас, кўдакону наврасон шеъру сурудхонӣ намуда дар ҳавои мусиқӣ рақсидану бозиданд. Аз ҷеҳраҳои шукуфони кўдакону наврасон маълум буд, ки онҳо ба ояндаи дурахшони худ боварии комил доранд.

Дар охир аз ҷониби кумиҷроияи шаҳрӣ ба кўдакону наврасон тўҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.