"Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!"

Сафи аъзоёни ҲХДТ меафзояд

Фаъолияти асосии ҳизбӣ пеш аз ҳама таҳким бахшидан ба мавқеи ҷамъиятии он, ҳар чӣ бештар пайдо намудани ҷонибдорон, баланд бардоштани нақши худ дар равандҳои ҷамъиятист. Аз ин лиҳоз рӯз аз рӯз сафи ҳизбиён аз ҳисоби ҷалб намудани шахсони арзанда ба узвияти он ба роҳ монда шуда истодааст. Дар ин радиф дар ҷаласаи навбатии Маркази минтақавии хизматрасони иҷтимои ба пиронсолон ва маъюбон дар шаҳри Хуҷанд мудири шӯъбаи кор бо занони Кумиҷроия ба сарвари навтаъини ин муассисаи иҷтимоӣ Зуҳуров Абдуазиз Ҳомидович ки оид ба дохил шудан ба узвияти ҲХДТ бо аризаи шахсии худ муроҷиат намуда буд, шаҳодатномаи ҲХДТ супорид.


Нравится

Маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроия

30 июн дар Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шахри Хуҷанд маҷлиси Раёсати Кумиҷроияи шаҳрӣ баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои зерин мавриди муҳокима қарор гирифтанд: 1. Рафти иҷроиши барқияи Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ аз 25.04.2016 таҳти №11 оид ба аксияи омӯзиши китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих»-и Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 2. Тасдиқи фармоиши раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд аз 24.06.2016 оид ба Ситоди «Обуна -2017» ва нақшаи он ба рӯзномаҳои ҳизбӣ «Минбари халқ» ва «Сухани халқ»


Нравится

Маҷлиси Ситоди «Обуна-2017»

Дар Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд маҷлиси нахустини Ситоди «Обуна-2017» ба рӯзномаҳои ҳизбии «Минбари халқ» ва «Сухани халқ» баргузор гардид. Дар маҷлиси мазкур аъзоёни ситод иштирок намуданд. Раиси Кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов ҳамаи аъзоёни ситодро ба меъёрбандии нақшаи обуна шинос намуда, аъзоёни ситодро вазифадор намуд, ки баҳри иҷрои нақшаи обуна ба рӯзномаҳои мазкур фаъолона ширкат варзанд ва саривақт ба кумиҷроия оиди рафти иҷроиши нақшаи тасдиқгардида маълумот пешниҳод намоянд.


Нравится