"Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!"

ДАСТАИ «ИНОМ ДЕҲҚОНОВ» БАРАНДАИ ҶОМИ КУМИҶРОИЯ

Бо мақсади баланд бардоштани завқи худшиносии миллӣ, тараннуми тарзи ҳаёти солим, дӯст доштани варзиш тавре, ки қаблан огаҳ карда будем, бо иқдоми Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи футбол барои дарёфти Ҷоми кумиҷроия миёни коргоҳу муассисаҳо ва маҳаллаҳо тайи як моҳ идома ёфтанд. Дар ин мусобиқот 10 даста ширкат варзида, аз худ маҳорати баланди варзиширо нишон доданд. Рӯзи гузашта даври ниҳоии мусобиқот доир шуда, бози байни дастаҳои

Чавонон-нерўи рушди зехнии кишвар

Дар Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд аз ҷониби Раиси кумиҷроия Наим Маликисломов ба яке аз ҷавони лаёқатманд Мирзоакмал Саидов, ки оид ба дохил шудан ба узвияти ҲХДТ бо аризаи шахсии худ муроҷиат намуда буд, шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд.  Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов нисбати пешбурди кор ва фаъолияти ҳизб фикру ақидаҳои худро иброз намуда, барои фаъолона иштирок намудан дар маъракаҳои муҳими сиёсӣ ва чорабиниҳои фарҳангию сиёсии ҲХДТ ба аъзои нав муваффақиятҳо орзу намуд.

Ситоди навбатии Обуна-2017

Боиси зикр аст, ки ягона воситаи чопию тарғиботии ғояҳои созандаи ҳизб, барномаи пешазинтихоботии он инъикоскунандаи фаъолиятҳои ҳизбию сиёсӣ, таҳаввулотҳо дар ташкилотҳои он, ҳамчунин сафарбаркунии мардум барои иқдому ташаббусҳои неки бунёдкорона нашрияҳои ҳизбии «Минбари халқ» ва «Сухани халқ» ба ҳисоб меравад. Алалхусус нашрияҳои мазкур дар тарғибу ташвиқи дастовардҳои 25 соли Истиқлолияти ҷумҳурӣ байни мардум ҳамавақт аҳамияти махсус касб менамояд. Аз моҳи июни соли 2016 сар карда маъракаи «Обуна-2017» ба