Дар асоси нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти олии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд  мусобиқаҳои варзишӣ аз рӯйи намуди футбол миёни дастаҳои маҳаллаҳо ташкил ва баргузор гардида истодааст.

Дар расми ифтитоҳи чорабинӣ, ки рӯзи гузашта доир гардид, раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар, муовини Раиси Федератсияи футболи шаҳри Хуҷанд Равшван Юсупов ва мудири шуъбаи кор бо ҷавонони кумиҷроияи шаҳрӣ Эҳсон Исоев ширкат варзиданд. Дар суханрониҳои меҳмонони чорабинӣ таъкид шуд, ки дар доираи чорабиниҳои варзишии бахшида ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шудани мусобиқаи мазкур басо фоли нек аст. Футбол аз ҷумлаи маъруфтарин намуди мусобиқаи варзишӣ буда, миллионҳо нафар мухлисонро бо ҳам  овардааст. Он рамзи иттиҳолу ҳамбастагист ва маҳз ба хотири рушди ин намуди варзиш, талқини дӯстиву рафоқат, нагаравидани ҷавонон ба ҳар гуна амалҳои номатлуб тавассути корбариҳои Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ мусобиқа барои ба даст овардани ҶОМИ ҲХДТ роҳандозӣ шуда истодааст.

Сипас бо садо додани ҳуштаки довар мусобиқаи футболи хурд миёни дастаҳои “Беморхонаи кӯдакона” -“Пахтакор ”   “Сирдаре” ва “Шапарак”мусобиқа оғоз гардид.

Мусобиқаи мазкур бо як шукуҳу шаҳомати хосса аз ҷониби бозингарон ва мухлисон истиқбол гирифта шуд. Маврид ба зикр аст, ки ба хотири дар сатҳи баланд доир намудани мусобиқаи мазкур ва ҳавасмандии варзишгарони навкор кумиҷроия дар ҳамкорӣ бо бонки “Арванд” даври муқаддамоти оғоз бахшидааст ва ғолибону фаъолон бо туҳфаҳои таъсиснамудаи кумитаи тадорукот   сазовор қадрдонӣ мешаванд. Зеро “Арванд” талқингари ҳаёти солими ҷомеа аст.

Мусобиқаи футбол дар варзишгоҳ ва майдончаҳои варзишии шаҳр барои ба даст оварданиӣ Ҷоми ҲХДТ то миёнаҳои моҳи август идома хоҳад кард ва дар ин ҷода ҳизб бо ҳамкорӣ бо бонки “Арванд”  дар рафти мусобиқа барои беҳтарин бозингарон тӯҳфаҳо эҳдо медорад.