Дар арафаи ин ё он ҷашнҳои миллӣ ва иду айём аёдати шахсони бемору барҷомонда, ятиму бепарастор, ниёзмандон ва барӯмандону собиқадорон аҷру савоби бештар дорад. КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд дар арафаи иди саиди Фитр ин суннатро ба ҷо оварда, 28 нафар ниёзмандонро аёдат намуд. Ҳамчунин бо дархости кумиҷроия ва МИҲД-и шаҳр аз тарафи вакилони маҷлисҳои вилоятию шаҳрӣ 462 нафар барӯмандону собиқадорон, ятимону бепарасторон, ниёзмандон ва беморони бистарӣ аёдат карда шуданд. Ин амали хайр аз тарафи ҳамаи ташкилотҳои ҳизбии корхонаю муассисаҳо ба анҷом расонида шуд.