Ба муносибати ҷашни Наврӯзи хуҷастапай тибқи нақша-чорабинии КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд дар ҳамаи ташкилотҳои ибтидоии кумиҷроия маҳфилҳои наврӯзӣ баргузор гардида истодаанд. Ҳамингуна чорабинӣ дар ташкилоти ибтидоии Садриддин Айнӣ барпо гашт, ки дар он хонандагони мактаби миёнаи таҳсилоти умумии №28 шаҳри Хуҷанд баҳри болидахотирии иштирокчиён барномаи консертӣ доир намуданд. Чорабинии мазкур бори дигар собит сохт, ки Наврӯз моли тоҷикон аст ва мардуми нишотпарасти мо онро бо як ҷаҳон нишоту хурсандӣ ҷашн мегиранд.