Бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати оммавӣ гардонидани соҳаи варзиш рӯзи гузашта бо иштироки шумораи зиёди устодону донишҷӯёни Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон майдончаи футболи назди хобгоҳ ба истифода дода шуд. 

Дар расми ифтитоҳи майдончаи варзишӣ директори донишкада Саидӣ Дилафрӯз Раббизода суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки варзиш - гарави саломатӣ ва саломатии миллат шарти муҳимтарини бақои имрӯзу фардои давлат мебошад. Бояд гуфт, ки ҳар чӣ қадар мо ба рушди соҳаи варзиш шароит фароҳам оварем, ҳамон қадар насли ҷавонро аз амалҳои номатлуб, ба монанди нашъамандиву нашъаҷаллобӣ, аъзо шудан ба гурӯҳҳои экстремистию ифротгаро ва ғайра наҷот мебахшем.

Дар донишкада ба хотири тарғиби тарзи ҳаёти солим рӯзҳои шанбе чорабинии оммавии варзиш гузаронида мешавад. Устодони донишкада ҳамасола  бо баргузории чорабинӣ таҳти унвони «Бо ту мефахрам диёрам» меъёри варзиширо дар намуди давидан, сангбардорӣ, турниккашӣ, ҷаҳидан месупоранд. Донишҷӯёни донишкада пайваста дар спартакаидаҳо ғолибият ба даст меоранд. Раёсати донишкада бо мақсади рушди соҳаи варзиш толори варзишии факултети муҳандисӣ-иқтисодиро азнавсозӣ намуд.

Ба истифода додани майдончаи футболи назди хобгоҳ имконият фароҳам меорад, ки минбаъд донишҷӯён фориғ аз таҳсил ба варзиши футбол машғул шаванд.

Баъдан ба донишҷӯёни ғолиби мусобиқаи волейбол, ки чанде пеш бо иқдоми Раёсати кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят байни муассисаҳои олӣ доир гардида, димлом ва медалҳоро директори донишкада дар вазъияти тантанавӣ супорид.

Сипас дастаҳои факултетҳои донишкада вориди майдони нави футбол шуда, бо руҳияи болида ба бозии футбол шурӯъ карданд.

Ёдовар мешавем, ки майдончаи варзишии донишкада солҳои сол дар ҳолати табоҳ қарор дошта, он бо иқдоми раёсати донишкада дар муддати хеле кӯтоҳ азнавсозӣ карда шуда, майдонча бо панҷараҳои махсуси ҳифз  карда шуда, худи майдони футбол бошад, бо алафи сунъии ба меъёри ҷаҳонӣ мувофик пӯшонда шудааст.

Итминони комил дорем, ки майдончаи футбол ҷои дӯстдоштатарини устодону донишҷӯёни донишкада мегардад.