"Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!"

Баргузории раҳпаймоӣ ва чорабинии идона ба муносибати Рӯзи Парчам

Имрӯз, панҷшанбеи 24 ноябр беш аз 6 ҳазор нафар сокинони касбу кори гуногун ва ҷавонони Суғдзамин дар маркази вилоят – шаҳри Хуҷанд ҷамъ омада, бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон раҳпаймоӣ намуданд.

Парчами миллӣ ифодагари иқболу истиқлол

Тибқи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Гимназияи №1 шаҳри Хуҷанд  санаи 22 ноябри соли 2016 чорабинӣ баргузор гардид, ки дар он хонандагони синфҳои  5-11 оид ба мақому манзалати Парчами давлатӣ баромад карданд. Дар ҷамъомад як зумра мехмонон иштирок намуданд. Номзади илмҳои таърих Эркаев С. дар чорабинӣ баромад намуда оиди таърихи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дод.

Дар

Парчами миллӣ – рамзи иқболу пирўзӣ

Парчам ва парчамдорӣ – аз суннатҳои қадимаи давлатдорӣ буда, арҷ гузоштан ба он – эҳтиром ба арзишҳои деринаи таърихист. Ифтихор ва саодати бузургест, ки ҳамасола ин рўзи фараҳбахш дар саросари кишвар бо шукўҳу шаҳомат, ифтихор аз ватану ватандорӣ таҷлил мегардад.

Ба ифтихори Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи иҷроияи ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба номи «Сомон» бо иштироки устодону